Дар Маркази исломшиносӣ оид ба мавзӯи Президент ва озодии виҷдон ҷамъомад сурат гирифт

Ноябрь 15, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъомади илмӣ — амалӣ доир гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ иштирок намуда, оид ба паҳлӯҳои муҳими фаъолияти Президент ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ибрози назар намуданд.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзӯи «Президент ва озодии виҷдон дар Тоҷикистон» сухан гуфт, ки мазмуни он ба таври зайл аст:

—  Масъалаи интихоби ояндаи давлатдорӣ дар ҷумҳурии мо баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омад. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ  баробари мақомоти мавҷудаи сиёсӣ боз ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад, ки мавқеъгирии онҳо  бар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ ва динӣ омезиши шадиди меъёрҳои демократию теократӣ ва дунявию ухравӣ дошт. Ин қувваҳои нави сиёсӣ саъю талош мекарданд, ки анде­ша­ҳои худро талқин намуда, пешоҳангиро дар масъалаи муайян кардани сохти давлатдории ҷумҳурӣ тасарруф намоянд. Илова бар ин, эълони истиқлолияти давлатӣ вазъияти сиёсиро мураккаб гардонида, беқонунию бенизомӣ ва буҳрони шадиди конститутсиониро ба вуҷуд овард. Ин ҳолат ба беқурб шудани қонунҳои пештар амалкунанда ва ҳанӯз таҳия нагардидани қонунҳои нав пайванди ногусастанӣ дошт. Муяссар нагаштани қабули саривақтии Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурии моро дар солҳои 1990-92 ба вазъияти Афғонистони ҷангзада сахт монанд карда буд. Вазъи пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҳам барои баргузор намудани ҳар гуна чорабинӣ созгор набуд.

Аз ин рӯ, даъват ва баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғози таҳаввулот дар сарнавишти давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Сарвари анҷумани ра­ҳо­ибахши Шӯрои Олӣ бо таъбири «Ман ба шумо сулҳ меорам» ҳамаро ҳуш­ёру бедор кард. Аҳли толор ҳамин суханро ончунон па­зи­руф­танд, ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ бози давлат мегӯянд. Ин шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад.

Пас аз ҳамин рӯйдоди муҳими таърихӣ роҳбарияти нав интихобшудаи давлату Ҳукумат қарору фармонҳое қабул карданд, ки ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои бақои миллат зарур буданд ва умеде барои расидан ба сулҳу субот ва сарҷамъ наму­да­ни мардуми кишвар пайдо шуд. Ҳамин ҳуҷҷатҳои муҳими дар он рӯзҳо қабулшуда буданд, ки якбора имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба ваҷҳи некӯ тағйир доданд. Гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории дунявӣ дар Тоҷи­кис­тон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибис­тиқ­лоли тоҷиконро ба миён овард. Дар ҳамон давраи ноором ҳайати нави Комис­сияи конститутсионӣ тасдиқ гардид ва ба кори худ шурӯъ кард. Яке аз масъа­ла­ҳои муҳиме, ки қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба он посухи муътабари ҳуқуқӣ медод, мавзӯи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин буд. Хушбахтона, дар матни моддаҳои 1, 8, 26, 30 Консти­тут­сияи замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқии таҳияи қонунҳои вобаста ба ин самти фаъолияти шаҳрвандӣ поягузорӣ гардид.

Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дар фаъолияти худ принсипҳои усулии дар моддаи 1 Конститутсия баёншударо дар матни тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати дав­латӣ дар бахши дин пайгирона татбиқ кардааст. Ҳамин буд, ки ду қонуни миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зина ба зина дар матни зиндагии мардум ҷойгоҳи худро пайдо карданд. Аммо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи озо­дии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (26.03.2009) дар масъалаи озодии виҷдон баёни возеҳи фар­ҳанги таҳаммулпа­зи­рӣ ва ҳамзистиро дар пешгуфтори худ ғунҷоиш дод. Бозгӯ намудани чаҳор принсипи асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳам­мул­пазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр му­ҳим аст: якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Ин принсип тан­ҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ тат­биқи амалӣ пайдо карда метавонад. Ва он далели гӯёи дурустии интихоби ҳа­мин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст; дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дун­явият мумкин аст, ки бароба­рии пайравони дину маз­ҳаб­ҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷти­мои­ю судӣ имконпазир гардад; сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Маҳз принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки пайравони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат фаъолияти динию фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунан­да пеш баранд ва ҳамзис­тии комили онҳо таъмин карда шавад; чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маъ­навии халқи Тоҷикистон». Принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маъ­навӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Нақши махсу­си мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии шаҳрвандони То­ҷи­кистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин мат­лаб ҳамчунин далолат мекунад, ки равия­ҳои дигари дини ислом, ба хусус таълимоти исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ин мавқеъ, интихоби дунявият ҳамчун абзори воқеии таъмини озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, баробарӣ ва адами табъиз дар асоси гароишҳои мазҳабию эътиқодӣ муайян гардид. Сазовори гуфтан аст, ки маҳз иродаи сиёсии Пешвои миллат ва пазируфтории мардум бақои давлатдории дунявиро дар ҷумҳурӣ устувор кард.

Ноябрь 15, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид