Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Ганҷинаи Кӯлоб»-и Абдувалӣ Шарифзода муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии китоби «Ганҷинаи Кӯлоб»-и Абдувалӣ Шарифзода баргузор гардид.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар муаррифии китоби «Ганҷинаи Кӯлоб» олимону донишмандон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ва дигар муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ширкат намуданд.
Асари мазкур бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1120- солагии таъсиси давлати Сомониён дар нашриёти «Шарқи озод» нашр шудааст.
«Ганҷинаи Кӯлоб» дар асоси таҳқиқи сиккаҳои Сомонӣ, ки аз Кӯлоб бозёфт гардиданд, таълиф шуда, 1405 дирҳам ва 104 дирҳампораро дар бар гирифтааст.
Ба гуфтаи муаллифи китоб, ганҷинаи дирҳамҳои сомонӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Аҳамияти илмии китоби мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки он ба таҳқиқи ганҷинаи нав ёфтшуда бахшида шуда, доир ба сиккасозӣ ва муомилоти пулии Хатлон дар замони Сомониён маълумоти нав ба хонанда медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки доир ба ганҷинаҳои дирҳамҳои сомонӣ асарҳо ва мақолаҳо чоп шудаанд, аммо дар онҳо гурӯҳбандии муфассали сиккаҳо иҷро карда нашудааст.
Дар ин росто китоби «Ганҷинаи Кӯлоб» ягона мебошад. Зеро дар ин ганҷина 60 намуд ва 79 дирҳамҳо муайян ва шарҳ дода шудаанд.
Гурӯҳбандии пешниҳодшударо сиккашиносон метавонанд дар омӯзиши ганҷинаҳои дигар татбиқ намоянд, ки ин дастоварди хуби илмӣ мебошад.
Ҳамчунин дастоварди муҳими муаллифи китоб кашфи заробхонаи Сомониён дар Вахш мебошад, ки то ҳол маълум набуд.
Инчунин вижагии дигари «Ганҷинаи Кӯлоб» он аст, ки дар он сиккаҳои зарби Хуттал ба миқдори 581 дона мавҷуданд. Ин дар ҳолест, ки дар ганҷинаҳои дигар дирҳамҳои сомонии Хуттал бештар аз 1-2 дона мебошанд.
Ба гуфтаи иштирокдорони намоишгоҳ китоби «Ганҷинаи Кӯлоб» дар бораи вазъи сиёсии Хуттал низ маълумоти ҷолиб медиҳад ва бори нахуст феҳристи мукаммали ин ганҷина тартиб дода шуда, ба матни китоб замима гардидааст.










Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад






