Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид

Ноябрь 23, 2019 10:38

ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати   вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён баргузор гардид.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар кори ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва Россия иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа 9 масъала баррасӣ гардида, иштирокчиён атрофи фарҳанги сиёсӣ ва сиёсати ҷавонон дар сатҳи кишварҳои ИДМ сухан гуфтанд. Қиёмиддин Миралиён  вобаста ба масъалаи таҳким бахшидани фаъолияти Ассамблеяи ҷавонон ва фаъол гардонидани намояндагиҳои кишварҳо пешниҳод манзур намуд, ки аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз бо ҳамраисии Қиёмиддин Миралиён бо иштироки васеи вакилон аз кишварҳои ИДМ байни Ассамблеяи ҷавонони байнипарлумонии ИДМ ва Комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ ҳамоиши муштарак доир гардид. Дар он намояндагони ҷавон ва олимону коршиносони соҳа дар мавзӯи “Рушди устувори ҳудудҳои кишоварзӣ” суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шамсулло Қурбонов иштирок намуд.

Ноябрь 23, 2019 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд