Дар вилояти Москва Бозиҳои Делфии бисту чоруми ҷавонони кишварҳои узви ИДМ ҷараён доранд

Ноябрь 25, 2019 10:26

ДУШАНБЕ, 25.11.2019 /АМИТ Ховар/. 23 ноябр дар маҷмааи фароғатии Snegiri (Снегирии) вилояти Москваи Федератсияи Россия бисту чорумин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз гардиданд. Иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ  ба даври чорякфинал баромаданд.

Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  Хуршед Низомов хабар дод, дар вилояти Москва бозиҳо бори дуюм гузашта, вале маротибаи аввал аст, ки дар шакли мусобиқа мегузаранд. Ҷараёни баргузории бозиҳои Делфӣ дар назар дорад, ки дар ҳар давр иштирокдорон бояд ҷуфт-ҷуфт ҳунарнамоӣ кунанд. Дар ҳар як ҷуфт аз рӯи натиҷаҳои намоиш ғолибе, ки ба даври баъдӣ ворид мешавад, муайян карда мешавад. Ғолибони ду нимфинал дар финал иштирок намуда, ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол мекунанд. Шахсоне, ки дар ду нимфинал мебошанд, ҳар кадом ғолиби ҷои сеюм мешаванд. Дар маҷмӯъ 12 маҷмӯи ҷоизаҳо супорида хоҳанд шуд.

Дар сабқатҳо иштирокдорон аз рӯйи  6 номинатсия: фортепиано, скрипка, сурудҳои фолклорӣ, академикӣ, поп ва номинатсияи кушода қувваозмоӣ менамоянд. Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои ИДМ беш аз 400 нафар рассомони бомаҳорати  аз 10 то 25-сола ширкат меварзанд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Делфӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки чунин мусобиқаҳои фарҳангӣ барои наздик шудани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хизмат мекунанд.

Бино ба итилои манбаъ, дар мусобиқаи эҷодӣ 500 нафар аз 10 давлати ҷаҳон дар 6 номинатсия ширкат намуданд. Ҳамаи иштирокчиёни бозиҳо ҳунари хуб нишон доданд, ки баҳо додан ба он хеле душвор аст.

Бояд зикр кард, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ як зумра барномаҳо баргузор мешаванд, аз қабили  конфронси байналмилалӣ, лоиҳаҳои махсуси «Мо дар хотир дорем», «Театр», «Китобҳо», ки дар иншооти фарҳангии вилояти Москва ташкил карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бозиҳо  5 нафар  намояндагӣ доранд. Ҳаётҷон Ҳамрохонов, Амриддин Мирзоев ва Амрулло Калонов дар номинатсияи «Суруди академӣ», Афзалшоҳ Сафарзода — «Суруди эстрадӣ», Фараҳноз Қурбонмаҳмадова дар «Фортепиано» ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ҳайати доварон се коршиноси соҳаи санъат — Раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низомов, Директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Манучеҳр Шарифзода ва мусиқишиносон, доктори илмҳои санъатшиносӣ Фирӯз Улмасов намояндагӣ мекунанд.

25 ноябр маросими ҷамъбастии Бозиҳои Делфӣ дар толори «Вегас Сити»-и вилояти Москва баргузор мегардад.

Ноябрь 25, 2019 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд