Дар Женева бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги тоҷикон барномаи фарҳангӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 16 ноябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳамоиш оид ба баррасии мутобиқсозии қонунгузории миллии ҳуқуқи муаллиф бо меъёрҳои Созмони байналмилалии ҳуқуқи муаллиф ва барномаи фарҳангӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги мардуми тоҷик ҷараён дорад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода иштирок дорад.
Ҳамчунин ба ҳамоиш сардори шуъбаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба Женева сафар кардаанд.
Муовини Вазири фарҳанг Музаффар Давлатзода дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур сухан гуфта, паёми роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳангро ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва роҳбари он Франсис Гарри расонид.
Дар ҳамоиш намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили масолеҳи заргарӣ, сангтарошӣ, кандакорӣ, чӯбтарошӣ, кордсозӣ, либоси миллӣ, хӯрок ва рақсу суруди миллӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Женева гардид.
Меҳмонони ҳамоиш аз гуногунрангӣ ва зебоии ҳунарҳои мардумии тоҷик баҳра бурда, ба кори ҳунармандон ва маҳорати санъаткорони тоҷик, дар маҷмӯъ ба фарҳанги тоҷик, ки ҳамаи онҳоро мафтун кардааст, баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи мазкур то 21 ноябр идома меёбад.










Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад






