Фаъолони ҲХДТ аз НБО «Роғун» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти кумиҷроияи вилоятии ҳизб 4 ноябр фаъолони ҳизб бо сарварии раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ, ҳамчунин рӯзноманигорону нависандагон, кормандони иттифоқи касабаи коркунони соҳаи нафт, кимиё ва саноати маҳаллӣ дар вилояти Суғд аз ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан карданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ сардори Раёсати назорати техникии ҶСК НБО «Роғун» Миралӣ Аҳмадов зикр намуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар агрегати сеюми неругоҳ бо маром идома дошта, беш аз 17 ҳазор нафар сохтмончиён дар он фаъолияти бонизом доранд. Зикр карда шуд, ки иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад. Неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромадан дар як сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат неруи барқ ҳосил намояд.
Дар идомаи сафар гурӯҳи корӣ аз ҷараёни сарбандҳо, нақбҳои обгузар, толори Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дидан карданд.
Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО “Роғун” истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.
Дар мулоқот бо аъзои фаъоли ҲХДТ бо сохтмончиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ сохтмончиёнро бо рӯзи қабули Конститутсия табрик намуда, баён дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони истиқлол ҷиҳати некуаҳволии мардуми мамлакат ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сўйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср- лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он бор меоваранд.








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






