Гурӯҳи эҷодии театри ба номи В.Маяковский ба Фестивали театрҳои Россия меравад
ДУШАНБЕ, 13.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ду спектакл — «Тартюф» ва «Шабе дар театр»-ро ҳунармандони Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи В. Маяковский ба тамошобинони Россия намоиш медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти театри мазкур хабар доданд.
Ба гуфтаи муовини директори театр Гулнора Ахмедова, сафари ҳайат 16 ноябр оғоз меёбад. Дар шаҳри Тамбов гурӯҳи эҷодӣ ба ҳаводорони санъати театрӣ мазҳакаи маъруфи Ж. Б. Молйерро нишон хоҳад дод. Ин асарро коргардони боистеъдод, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузоштааст.
Нақшҳои асосиро ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дмитрий Мурзинов, Мавлона Наҷмиддинова, Хуршед Мустафоев, Марина Ярмолик, Абдуваҳҳоб Дӯстов ва дигарон иҷро кардаанд. «Тартюф» як пйесаи мазҳакавии Молйер аст, ки соли 1664 навишта шуда, то имрӯз дар театрҳои тамоми ҷаҳон шаҳомати худро аз даст надодааст.
Спектакли дуввум, ки ба тамошобинони шаҳри Тамбов намоиш дода мешавад, «Шабе дар театр»-и коргардон Хуршед Мустафоев мебошад. Дар спектакл се ҳикояи маъруфи Антон Чехов- «Пешниҳод», «Суруди қувон» ва «Хирс» ба таври касбӣ ва хеле ҳамоҳанг муттаҳид гаштаанд. Нақшҳоро Дмитрий Мурзинов, Мунира Дадаева, Марина Ярмолик ва Абдуваҳҳоб Дӯстов иҷро мекунанд.
Амалиёти спектакл шабона дар театр ба вуқӯъ мепайвандад. Ин ҷо низ ду ҳунарпеша, тавре ки дар достони «Суруди қувон” омадааст, тасодуфан шабона дар театр танҳо мемонанд. Байни онҳо суҳбат оғоз меёбад ва ҳарду беихтиёр ба олами хотираҳои хеш ғарқ мешаванд, ки ин хотираҳо саросар олудаи нақшҳои бозидаашон мебошанд. Ёди гузашта онҳоро аввал ба пйесаи «Пешниҳод», баъд ба пйесаи «Хирс» мебарад. Ҳунармандон ҳамчунин дар хотир доранд, ки онҳо борҳо дар “Шоҳ Лир” бозӣ мекарданд. Дар намоиш ҳаёти ду ҳунарманд акс ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки тамошобинон ин намоишро аллакай дар театрҳои пешрафтаи вилоятҳои Хатлон ва Суғд низ тамошо кардаанд.
Ғайр аз ин, 19 ноябр гурӯҳи эҷодии театр дар Фестивали театрҳои Россия ширкат хоҳад кард, ки дар он гурӯҳҳои русзабон аз кишварҳои ҳамсоя беҳтарин намоишҳои худро дар майдонҳои мухталифи Москва намоиш медиҳанд.
Дар фестивали мазкур, ки дар Москва доир мегардад, бори аввал ҳунармандони тоҷик аз театри Маяковский бо намоиши “Тартюф” иштирок менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ин ҷашн дар доираи Соли театр, ки имсол дар Федератсияи Россия эълон шудааст, баргузор мешавад.
Дар фестивал гурӯҳҳои эҷодии Театри давлатӣ-академии драмавии русии Тбилиси ба номи А. Грибоедов (Гурҷистон), Театри давлатӣ- драмавии русии ба номи Ч.Айтматов (Бишкек, Қирғизистон), Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи Ф. Искандер (Сухуми, Абхазистон), Театри давлатӣ-академии драмавии русии ба номи М. Лермонтов (Алмаато, Қазоқистон), Театри академӣ-драмавии русии Ӯзбекистон (Тошканд, Ӯзбекистон), Театри давлатӣ-драмавии русии ба номи А. Чехов (Кишинёв, Молдова) низ ширкат доранд.
Тавре муовини директори театр Гулнора Ахмедова шарҳ дод, сафари мазкур дар доираи барномаи Маркази федералии дастгирии фаъолияти сайёҳӣ- “Сафарҳои калон. Барномаи хориҷӣ» сурат мегирад.








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






