Милитсияи вилояти Суғд бо фаъолияти фаврӣ-хизматии намунавӣ эътимоди аҳолиро соҳиб гардидааст-бардошт аз ҳамоиши идона
ДУШАНБЕ, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии вилоят, собиқадорони соҳа ва доираи васеи кормандони милитсия аз 18 шаҳру ноҳияҳои минтақа иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода бо паёми табрикӣ ҳамоишро оғоз намуда, таҷлили тантанавии Рӯзи кормандони милитсияро нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ унвон кард. Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки мардум дар чеҳраи милитсия симои давлатро мебинанд ва имрӯзҳо кормандони мақомот, аз ҷумла милитсияи вилояти Суғд бо фаъолияти фаврӣ-хизматии намунавӣ боварию эътиқоди аҳолиро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ бештар намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ нақши муассир доранд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал — майори милитсия Абдулло Навҷувонов дар маърӯзаи худ аз дастгириву ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, баён дошт, ки имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии мамлакат ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардидааст. Сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда, биноҳои маъмурӣ, иншооти хизмативу фароғатӣ бунёд ва кормандони мақомоти милитсия аз ғамхориҳо пайваста бархурдор мешаванд.
Инчунин дар ҳамоиши мазкур бо фармони ба тасвиб расидаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати он дар вилояти Суғд ба 126 нафар кормандони амалии мақомоти милитсияи вилояти Суғд медалу нишонҳои соҳавӣ, рутбаи навбатӣ, сипосномаву ифтихорнома тақдим карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аҳли фарҳанг бо таронаҳои марғуби тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат ва Ватан-Модар хотири аҳли нишастро шод гардониданд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






