Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо доираи соҳибкорони турк мулоқот намуд

Ноябрь 29, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар ҳамкорӣ бо Идораи робитаҳои иқтисодии хориҷии он кишвар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо доираи соҳибкорони турк баргузор гардид.

Дар доираи мулоқот дар робита ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи тарҳҳо ва бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ табодули афкор сурат гирифт.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ аз ҳолати ҷории ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии ду давлат ёдовар шуда, ба мавҷудияти иқтидорҳои муносиби ду кишвар барои рушди ҳамкории бештар дар татбиқи тарҳҳои муштарак ва ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаҳои ояндадор ва мутақобилан судманд таъкид намуд.

Зимни мулоқот ҳамзамон муовини якуми Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарафҷон Шералиев, Раиси Шӯрои тиҷоратии Туркия – Тоҷикистон Маҳмуд Эр ва соҳибкорони турк дар робита ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, роҳҳои рушди ҳамкорӣ миёни бахшҳои гуногуни ду кишвар изҳори назар намуданд. Соҳибкорони турк дар навбати худ барои ҳамкории гуногунҷанба бо ҷониби Тоҷикистон омодагӣ изҳор карданд.

Ноябрь 29, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд