Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Покистон мулоқот намуд

Ноябрь 28, 2019 14:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябри соли 2019 Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо Раиси Ниҳоди миллии идоракунии офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал-лейтенант Муҳаммад Афзал мулоқот  намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Муҳаммад Афзал намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хайрамақдам гуфта, аз таассуроти сафари худ ба Душанбе дар моҳи сентябри соли 2019 бо изҳори қаноатмандӣ ва сипоси бепоён ёдовар шуд.

Сафири Тоҷикистон оид ба даъвати гурӯҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон барои омӯзиш изҳори ташаккур намуда, зикр кард, ки дар оянда низ ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ миёни ду давлат бояд густариш ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби генерал Муҳаммад Афзал масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории минтақавӣ баҳри рафъи офатҳои табиӣ ва кумакҳои саривақтии муштараки кишварҳо пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи ҷараёни ҳолати баррасии лоиҳаи санади дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода муҳокимаронӣ намуда, зарурати ба имзо омода сохтани онро зикр карданд.

 

Акс аз ВКХ ҶТ

Ноябрь 28, 2019 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд