Шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботи ҷомеаро мебинанд

Ноябрь 9, 2019 17:45

ДУШАНБЕ, 09.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсия дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе  ҷамъомади   тантанавӣ баргузор гардид.  Дар  он Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, собиқадорон, ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Нахуст Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик ба иштирокдорони  ҳамоиш расонид.

Сипас Рамазон Раҳимзода  аз номи  ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии мамлакат  ба  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаашон  нисбат ба  кормандони милитсия изҳори сипос намуд. Вазири корҳои дохилӣ  зикр кард, ки «мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо итминони комил  гуфта метавонем, ки баҳри ҳифзи оромиву осоиштагӣ, амнияту болидахотирии мардуми Тоҷикистон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун донишу малакаи касбии худро амалӣ намуда, вазифаҳои дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоем».

Тавре дар ҷамъомад зикр гардид, бо гузашти солҳо шароити хизматрасонӣ ва савияи донишу малакаи касбии кормандони милитсия афзуда, фаъолияти ин ниҳод густурда ва мавқею мақоми он дар ҷамъият торафт боло меравад.  Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни қӯшунҳои дохилӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, ҳангоми иҷрои вазифа зиёда аз 2000 нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати корҳои дохилӣ бо таъсис додани ҷузъу томҳои мустақили худ, ҳифзи тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба вуҷуд овардани фазои мусоидро дар ҷумҳурӣ  таъмин намуд. Милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар» ва дигар  устодони санъати ҷумҳурӣ  ба ҷамъомади идона  шукӯҳи хосса бахшид.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи милитсия  дар шаҳри Душанбе иштирок  ва суханронӣ намуда буданд.

Сарвари давлат зимни ин суханронӣ, аз ҷумла зикр карданд, ки «кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».

Дар ин зимн, Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки «Ҳукумати мамлакат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад».

«Танҳо давоми ҳафт соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна якуним баробар зиёд гардидааст. Дар ин муддат беш аз 700 нафар кормандон ва оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия бо манзили истиқоматӣ ва зиёда аз 2600 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд. Бо фармонҳои Президенти мамлакат дар даврони истиқлолият 60 нафар, аз ҷумла дар ҳафт соли охир 23 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ ва 281 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. Давоми ҳафт соли охир даҳҳо иншооту биноҳои маъмурии сохторҳои мақомот, аз ҷумла шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Ваҳдат, Рашт, Шаҳринав, Шамсиддин Шоҳин, Сангвор ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ сохта ва ба истифода супорида шудаанд»,-  чунин далел оварданд Президенти мамлакат дар тасдиқи гуфтаҳои боло.

Пешвои миллат  зимни ин суханронӣ таъкид намуданд, ки «шумо,  кормандони  мақомоти корҳои дохилии мамллакат  минбаъд низ дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед».

Ноябрь 9, 2019 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми минтақавӣ-иҷлосияи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Вохӯрии навбатии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баргузор гардид
Дар «Фахробод» машқҳои муштараки сулҳҷӯёнаи «Бародарии шикастнопазир — 2025» доир мегарданд
Машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» расман оғоз гардиданд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар Спитамен се даъватшаванда аз як оила ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар Самарқанд иштирок дорад
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 78 фоиз иҷро гардид
Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе беш аз 20 садамаи нақлиётӣ бо иштироки скутер ва худравҳои барқӣ сабт карда шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар пленум ва анҷумани созмонҳои мудофиавии ИДМ иштирок намуд