Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони якуми раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки то 30 ноябри соли 2019 идома меёбад, ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ифтитоҳи курс Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода, муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқуб Исмоилзода ва декани факултети азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ Саодат Иброҳимова сухан намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки масъалаи таъмини озуқаворӣ имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан СММ-ро сахт ба ташвиш овардааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо масъалаи мазкур вобаста ба ҷиддияти худ аз оғоз дар қатори яке аз чор масъалаи тақдирсози стратегӣ қарор гирифтааст. Қариб дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор рафта, иқдомҳои нав ба наве пешниҳод ва дар амал татбиқ гардидаанд, ки нақши онҳо дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат назаррас аст.
Зикр шуд, ки курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ омӯзиши мавзӯъҳои «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Нақши маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар таъмини бехатарии озуқаворӣ», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраро фаро мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар курси мазкур лекторони асосӣ аз Академияи идоракунии давлатӣ буда, инчунин аз Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ низ ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ даъват гардида, дар ҷамъбасти курс мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатӣ, Агентии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ташкил карда мешавад.
Таъкид гашт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон карда шудааст. Барои пурра ноил шудан ба ин ҳадаф моҳи декабри соли 2017 мақомоти нави марказии давлатӣ — Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар ин ҷода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» аз 29 декабри соли 2010 нақши бузург мебозад. Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
Мувофиқи ин қонун амнияти озуқаворӣ — вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ бехатарии озуқавории мамлакат таъмин гардида, дастёбии воқеӣ ба он, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад.








Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад






