Сокини деҳаи Навободи шаҳри Бохтарро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд

Ноябрь 29, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 29.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини деҳаи Навободи шаҳри Бохтарро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд. Зимни  азназаргузаронии бағоҷи мошини  шахсии гумонбар (тамғаи «Тайота-Карола») 3 адад селофани полиэтиленӣ, 7 адад зарфи пластикии  3,5-литра бо бӯи махсуси  ба шираи камол монанд дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре аз маркази матбуоти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  мувофиқи хулосаи Сарраёсати хадамоти назорати  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводи дарёфтшуда  шираи камоли бадбӯй буда, вазни холисаш  33 килограмму 400 граммро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хотиррасон мешавем, ки дар моддаи  234-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин омадааст:

«Муомилоти ғайриқонунии шираи камол
1) Ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба миқдори начандон калон бо ҷарима ба андозаи аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифодаи зўроварӣ;
д) ба миқдори калон содир шуда бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз се то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

Бояд ёдовар шуд, ки  камол растании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок,  гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунад, ки бӯи сир дошта, маззааш турши тез аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Аз камол зифт, самғ, эфир, дору ва ғайра мегиранд, масалан, ассафетида, галбан, сапаген, аммониакум ва ғайра. Ассафетида, ки аз Ferula assa—foetida ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи бемориҳои асаб истифода мешавад.

Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебаранд.

Аз рӯи мушоҳидаҳои чорводорон, аз истеъмоли растании камол дар аввали фасли баҳор аз бадани чорво тамоми кирму паразитҳо дур мешаванд.

Мутаассифона, солҳои охир новобаста аз манъ намудани ҷамъоварии он, ба таври ғайриқонунӣ ва ғоратгарона шираи камол ҷамъоварӣ карда мешавад. Ин амали номатлуб метавонад растании камолро пурра дар Тоҷикистон ба нестӣ расонад ва наслҳои ояндаро аз фоидаи ин растанӣ маҳрум созад. Растании камол эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол ҷамъовариву фурӯши шираи онро шурӯъ аз соли 2008  манъ кардааст.  Ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол дар ҷумҳурӣ ба танзим дароварда шуда,  танҳо ба чанд  ширкати дорусозии Тоҷикистон иҷозати коркарди он  дода шудааст.

Ноябрь 29, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд