Сокинони шаҳри Хоруғ Рӯзи Президентро дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ истиқбол гирифтанд
ХОРУҒ, 16.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо ширкати беш аз 5 ҳазор нафар сокинони шаҳр ҳамоиши оммавӣ баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иштирокчиёни ҳамоишро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки “таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сол аз сол дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд бевосита ба салоҳияту фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд. Имрӯз мо ьа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро Ӯ тавонист дар лаҳзаи басо асос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамон- Тоҷикистонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшад. Қабул гардидани Рӯзи Президент дар сатҳи мақомоти олии қонунгузорӣ ҳам талаби рӯз, ҳам дархости мардуми шарифи тоҷик буд. Ба ин васила миллати тоҷик дар атрофи Сарвари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гуна иғвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии онҳо худи Ҷаноби Олӣ аст”.
Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмаҳмадзода аз хизматҳои бешумули Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназири Сарвари давлат сабаб гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфта, чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати хос бархурдор гардад. Ҷанби Олӣ яке аз он сисатмадорони хирадпешаву дурандешест, ки давлати тоҷиконро аз фаноёбӣ, парокандагиву парешонӣ наҷот дода, дар солҳои басо вазнину хатарзо дар қалби мардум шуълаи умед ба фардои некро бедор кард ва бо гомҳои устувор ба як фазои орому босубот раҳнамун сохт. Воқеан рушду нумӯъи ҳар давлат ба дониш, ақлу заковат, хиради инсонии Президенти ҳамон мамлакат вобастагӣ дорад.
Ҳамоиши тантавӣ бо рақсу таронаҳои ҳунармандони маъруфи вилоят ба поён расид.










«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






