Султон Бекмурозода: «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи мамлакат аст»

Ноябрь 15, 2019 17:49

ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Ин аст, ки бо пушти сар гузоштани ҳар сол дарк ва шинохти мардум аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кам не, баръакс амиқтар мегардад.  Дар робита ба ин санаи бошарофат таваҷҷуҳ намоед ба нигориши Сардори Хадамоти назорати  давлатии тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОЗОДА:

Бешак, Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари давлатдории навини тоҷикон буда, маҳз муҳаббати мардум аст, ки 16 ноябр ҳамасола дар мамлакати мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Чунки маҳз 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои мардум сулҳ овард. Маҳз ин марди худодод тавонист  табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бузург аст.

Дар баробари ин, як зумра ташаббусҳои байналмилалии Сарвари  давлатро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ намудаанд, ки мояи ифтихори ҳар як шаҳвандони Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, пайдосозиии роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, ҳалли ихтилофҳои Афғонистон бо роҳи гуфтугӯ ва ғайра пешниҳодҳои Сарвари давлат дар арсаи байналмилалист.  Соли гузашта татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028”, ки ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ мебошад, шурӯъ гардид.

Мардуми мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра дастовардҳои муҳиме даст ёфтанд. Соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюли мусбат дошта, натиҷаи он нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аст, ки дарозумри мардон 73,3 ва занон ба 76,9 расидааст. Камшавии бемориҳои сироятӣ ҳамасола ба назар мерасад.

Айни ҳол Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ се маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ тақрибан ду маротиба, яъне то 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат  аст, ки давлати мо аз рӯйхати давлатҳои дорои сатҳи пасти даромад берун баромад.

Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Дар робита ба ин Пешвои миллат бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод намуданд, ки воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Ҳоло воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат  аз андоз аз арзиши иловашуда  ва пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озоданд.

Бо оғози фаъолияти корхонаҳои дорусозӣ ва маводи тиббӣ садҳо навъи дору дар мамлакат истеҳсол мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро ба масъалаҳои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат ҳамеша ташвиқ менамоянд.

Мояи ифтихори мост, ки Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ саҳм ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри таъмини солимии ҷомеа ба инобат гирифта, ба Сарвари мо 19 июли соли 2018 “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” супорид.

Ноябрь 15, 2019 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»