Тарғиби ҳаёти солим. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ бунёд карданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа дар бинои маъмурии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ барои бозии тенниси калон ва волейбол мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин дар назди майдончаи мазкур ҳавз бо фаввора навсозӣ гардид, ки барои истироҳат ва фароғати кормандон берун аз вақти корӣ мусоид менамояд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои системаи вазорат иштирок намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, майдончаи мазкур ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 411 метри мураббаъ аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Арш — сохтмон» сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чунин майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар қисмати ғарбии шаҳраки 92, соли 2018 дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳаллаи 112 ва моҳи июни соли равон дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Охирин майдончае, ки вазорати мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дод, барои сокинони биноҳои М7/1, М7/3, М7/4, М7/5, 25 ва 26-и маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино беҳтарин туҳфа дар ин ҷашн гардид.
Масоҳати умумии қитъаи замин аз рўи лоиҳа 3700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин масоҳат майдончаи варзишии универсалӣ – 540 метри мураббаъ, майдончаи бозии кӯдакон 470 метри мураббаъ, макони истироҳати калонсолон 483 метри мураббаъ, масоҳати сабзазоркунӣ 1490 метри мураббаъ, масоҳати роҳу роҳравҳо аз сангҳои ороишӣ 1500 метри мураббаъ ва мумфаршкунии атрофи майдонча 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Майдончаи мазкур бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо гулу буттаҳои сабз оро дода шудааст.











Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






