Варзишгари навраси тоҷик Ислом Толибов дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид

Ноябрь 26, 2019 10:10

 ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Ислом Толибов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ соҳиби медали тилло гардид.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ аз 22 то 24 ноябр  дар Тайпейи Чин баргузор шуда, дар он  152 нафар варзишгарони беш аз 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  ин мусобиқа 3 варзишгар муаррифӣ намуда, ҳар се сазовори медал:
1 тилло ва 2 биринҷӣ гардиданд.

Ислом Толибов дар вазни 57 кг аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ дар ду даври аввал бар варзишгарони Ҳиндустон Соҳит Соҳит ва Қазоқистон Алтинбек Жадрасинов, дар нимфинал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Йу Сианг Ҳанг ва дар финал боз бар Алтинбек Жадрасинови қазоқистонӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.

Насимҷон Турдибеков дар вазни 68 кг аз рӯи  гӯштини юнонӣ-римӣ бо ду ғалаба ва ду бохт ва Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни 57кг дар  гӯштини озод бо ду ғалаба ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Ноябрь 26, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд