«Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон»-таҳти ин унвон симпозиуми миллӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон» симпозиуми миллӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар симпозиуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, Академияи илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Диловар Қодирзода мақсад аз баргузории симпозиумро баррасии вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар мамлакат арзёбӣ намуда, гуфт: «Дар тӯли солҳои фаъолияти Марказ мутахассисони он ба таҳлилу баррасии равандҳои ҷории сиёсӣ ва оянданигарии амалӣ дар самтҳои гуногуни рушди мамлакат машғуланд. Аммо, аҳамияти махсуси ин симпозиум дар он аст, ки мавзӯи вазъ ва рушди сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон бори аввал ба таври алоҳида баррасӣ мегардад».
Аз ин рӯ, — гуфт мавсуф, метавон зикр намуд, ки симпозиуми имрӯза на танҳо як ҷамъомади илмиву назариявӣ, балки нишасти муҳиме барои мушаххас намудани роҳу усулҳои ташаккули равандҳои сиёсӣ ва афзалияти онҳо дар Тоҷикистон мебошад.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зикр намуд, ки на танҳо рушди сиёсатшиносии амалӣ, балки рушди сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ ва илми алоҳида барои ҷомеаи мо раванди нисбатан нав мебошад.
Зеро,- гуфт ӯ, дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои дигари собиқи сотсиалистӣ сиёсатшиносӣ ба сифати фанни мустақил ва шохаи алоҳидаи илм эътироф намегардид ва ҳамчун илми буржуазӣ дониста мешуд. Танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва фанни мустақил эътироф гардид.
«Агар ба ин масъала аз назари таърихи афкори сиёсии халқи тоҷик ва таърихи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нигарем, илми сиёсат ва таҳлили равандҳои амалии сиёсӣ дар фарҳанги мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар давраи бостон, асрҳои миёна ва замони маорифпарварӣ мутафаккирон ва давлатмардони мо на танҳо таҳлилҳои амиқи сиёсӣ, балки рисолаҳои бузурги сиёсатшиносӣ бар ҷой гузоштаанд, ки дар онҳо вазъияти сиёсии замони худашон таҳлилҳои амиқ ёфтааст», — илова намуд мавсуф.
Масрур Абдуллозода афзуд, ки «дар ин радиф танҳо ҳамчун намуна аз рисолаи «Тадбири манзил»- и Ибни Сино, «Сиёсатнома»- и Низомулмулк, «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ, «Наводир- ул-вақоеъ» ва «Рисолаи таърихӣ»-и аллома Аҳмади Дониш ёдовар шудан мумкин аст».
Иштирокдорони симпозиуми миллӣ оид ба мавзӯъҳои «Сиёсатшиносии амалӣ: барои кӣ ва барои чӣ?», «Иттилоотонии сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир», «Нақши сиёсатшиносии амалӣ дар раванди тадқиқоти сиёсӣ», «Нақши сиёсатшиносии амалӣ дар таъмини амнияти миллӣ» ва ғайра миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






