10-11 декабр дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 декабр дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, моҳи декабр дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёна ба меъёри иқлимӣ наздик буда, ҳаво дар водиҳо 4+5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳии вилояти Хатлон ҳаво 2 +3 дараҷа гарм мешавад.
Дар нимаи дуюми моҳи декабр дар натиҷаи воридшавии ҳавои сард ҳарорат рӯзона дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон 0+5 дараҷаро ташкил медиҳад. Шабона ҳаво аз 3 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Миқдори боришот тӯли моҳи декабр дар минтақаҳои мазкур тибқи меъёри муқаррарӣ буда, дар баъзе ноҳияҳои ҷанубии вилоят аз меъёри муқаррарӣ камтар пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Суғд низ ҳарорати ҳаво ба меъёри иқлимӣ баробар буда, танҳо дар қисматҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳҳо 1 дараҷа паст мешавад. Аслан давоми моҳи декабр дар ин минтақа ҳарорати миёна 1+3 дараҷа гарм ва дар баландкӯҳҳо аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзҳои алоҳида боридани борон ва дар қисматҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст. Хусусан боридани боришот дар нимаи дуюм ва сеюми моҳи декабр пешбинӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин давра шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар қисматҳои кӯҳӣ низ ҳарорат тағйирёбанда шуда, ҳаво аз 0-5 то 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 3 + 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳи декабр тибқи пешбиниҳои пешакӣ 1 дараҷа аз меъёри иқлимӣ хунук мешавад. Ҳаво дар ин минтақаҳо асосан тағйирёбанда шуда, шабона ҳаво аз 3 — 8 дараҷа хунук ва дар баъзе ҳолатҳо 1 + 4 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва дар баъзе ҳолатҳо 2-7 дараҷа гарм мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






