ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: бо бунёди мактаб, 6 майдончаи варзишӣ ва шабакаҳои обрасонӣ симои шаҳри Хоруғ тағйир меёбад
ХОРУҒ, 13.12 2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муаррифии лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ» баргузор гардид. Барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур дар баробари Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин шарикони рушд, ба мисли Бунёди тоҷикистонии Оғохон, Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Иттиҳоди Аврупо саҳм мегузоранд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев, “ҳадафи лоиҳа-ин бунёд намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, дастрасии осони сокинони шаҳр ба хизматрасониҳои мухталифи иҷтимоию маишӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар доираи ин лоиҳа бунёди муассисаи муосири таълимӣ дар кӯчаи ба номи Саидамир Абдураҳмонов, сохтмони 6 майдончаи варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳр, таъмини сокинони маҳаллаи Бизмич бо оби ошомиданӣ, мустаҳкам намудани соҳили рӯдхонаи Ғунд, ки ҳамасола дар мавсими обхезӣ ба хоҷагиҳо зарари ҷиддӣ мерасонад, ба назар гирифта шудааст”.
Сардори Раёсати иқтисод ва савдои вилоят гуфт, ки маблағи лоиҳа зиёда аз 18 миллион сомониро ташкил дода, дар зарфи яку ним сол бояд мавриди амал қарор гирад. Бо дигаргун гаштани инфрасохтори шаҳр симои он низ тағйир меёбад, вазъи экологӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад, шароити таҳсили садҳо кӯдакону наврасон беҳтар мегардад, мавзеъҳои хатарзо коҳиш меёбанд ва илова бар ин, ҷавонони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори мавсимӣ мегарданд.








Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






