ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо бунёди маркази саломатии замонавӣ дар Мастчоҳ симои он ба шаҳр монанд мешавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Маркази саломатии деҳоти «40-солагии Дилварзин» бунёд гардид. Он дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизмати тиббӣ» бо маблағи 1 миллиону 165 ҳазору 570 сомонӣ аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Икром — Сохтмон» бунёд шудааст. Бинои навбунёд якошёна буда, аз 7 ҳуҷра- доругузаронӣ, табиби оилавӣ, ёрирасон, хатна, муоинаи бонувон, таҳлилгоҳ ва сабтгоҳ иборат мебошад.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маркази саломатӣ барои 4,5 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шуда, бо 85 номгўй таҷҳизоти тиббӣ ва 24 намуд ҷиҳози тиббӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 260 ҳазор сомониро дар бар мегирад, таҷҳизонида шудааст.
Дар маросими ба истифода додани маркази саломатӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зикр намуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст: «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким мебахшем».
Зикр шуд, ки ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019» амалӣ гардида, ин таҷриба давра ба давра тамоми мамлакатро фаро мегирад. Давоми се соли оянда дар ҷумҳурӣ беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар маркази саломатии деҳоти «40-солагии Дилварзин» 3 нафар табиб, 6 корманди миёна ва 2 корманди хурди тиббӣ барои ҳифзи саломатии мардум ба кор ҷалб карда шудаанд. Фаъолияти маркази саломатии мазкур имконият медиҳад, ки аҳолии маҳалла аз хизматрасониҳои замонавии тиббӣ баҳраманд гардида, саломатию тандурустии худро беҳтар намоянд.








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






