Анҷумани 34-уми ғайринавбатии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 30, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев Анҷумани 34-уми ғайринавбатии Ҳизби  Коммунистии Тоҷикистон баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар кори Анҷуман масоили вобаста ба фаъолияти ҳизб ва барномаю нақшаҳо дар давраи омодагӣ ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуд. Таъкид гардид, ки Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон зери шиори «Адолати иҷтимоӣ-мароми ҳамешагии мост» нисбат ба арзишҳои умумибашарӣ  тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Имрӯз тибқи омори расмӣ, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон зиёда аз 34 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 21 фоизашро занон ва 15 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо «Оиннома» ва «Барнома»-и Ҳизби Коммунистии Тоҷикистонро аз нав тасдиқ  намуданд.

Ҳамчунин Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд.

Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар асоси талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзадҳо пешбарӣ гардиданд.

Вакилони ҳизбӣ рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати шашумро дар ҳайати 6 нафар тасдиқ намуданд.

Декабрь 30, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид