Бонки миллӣ: интиқоли маблағ дар тамоми мамлакат тавассути низомҳои «Юнистрим» ва «Контакт» амалӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, шурӯъ аз 3 декабри соли 2019 тамоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешавад.
Айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд ва аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд. Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, теъдоди зерини нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли маблағҳо дар низоми «Юнистрим» (ҳамагӣ 15 788 нуқтаи хизматрасонӣ) дар қаламрави Федератсияи Россия амал намуда истодаанд:
- МТС – 4 300 адад;
- Теле 2 – 2 150 адад;
- агентҳои бонкии пардохтӣ – 1 696 адад;
- марказҳои хизматрасонии “Почта банк” – 4 600 адад;
- Росселхозбанк – 1 335 адад;
- шабакаи худии Юнистрим – 207 адад;
- марказҳои хизматрасонии дигар ташкилотҳои қарзӣ – 1 500 адад.
Инчунин интиқоли маблағҳо тавассути сомонаи расмӣ ва барномаи мобилии ЮНИСТРИМ анҷом дода мешаванд.
Низоми «Контакт» дорои зиёда аз 8 500 адад нуқтаҳои хизматрасонӣ буда, тавассути нуқтаҳои хизматрасонии бонкҳо, шабакаи худии КИВИ бонк, агентҳои бонкии пардохтӣ, терминалҳои пардохтии КИВИ, аз ҷумла барномаҳои мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ амалиёти интиқоли маблағҳоро анҷом медиҳад.
Тарофаҳои (комиссияи) низоми пардохтии «Юнистрим» вобаста аз маблағи интиқол, нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад (масалан, нуқтаҳои хизматрасонии МТС, Теле2 ва дигар агентҳо, нуқтаҳои хизматрасонии Почтабанк ва дигар бонкҳо, инчунин шабакаи худии Юнистрим) гузаронида шуда, асъори интиқол аз 0,99 то 1,5 фоизро ташкил медиҳад.
Тарофаҳои низоми пардохтии «Контакт» барои интиқоли маблағ аз нуқтаҳое, ки тавассути он интиқол анҷом дода мешавад, 1 фоизро ташкил медиҳад.
Ғайр аз интиқоли маблағҳо тавассути низомҳои зикргардида, инчунин интиқоли маблағҳо аз Федератсияи Россия ба кортҳои пардохтии “Корти миллӣ”-и ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” ва ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити” тавассути барномаи мобилии “Сбербанк онлайн”, инчунин терминалҳои КИВИ ва нуқтаҳои хизматрасонии “Связной” ва “Мегафон” имконпазир мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






