Бонки миллӣ: ташкилотҳои қарзӣ бояд муштариёнро аз бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон тавассути низоми «Золотая корона» огоҳ намоянд
ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки сокиноне, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми «Золотая корона» фиристода буданд, метавонанд 24-25 декабри соли 2019 (давоми ду рӯз) аз ташкилотҳои қарзии мамлакат бозхонд карда гиранд. Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути «Золотая корона» дар дохили мамлакат анҷом дода шудаанд (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд.
Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ташкилотҳои қарзиро зарур аст, муштариёни худро, ки чунин интиқолҳоро тавассути низоми «Золотая корона» анҷом додаанд, оид ба бозхонд ва баргардонидани интиқолҳояшон хабардор намуда, дар ҳолати зарурат барои аз нав интиқол додани маблағҳои гирифташуда тавассути низомҳои пардохтии “Контакт” ва “Юнистрим” ё кортҳои интиқолӣ мусоидат намоянд.
Дар ҳолати ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудан шаҳрвандон метавонанд: дар хориҷи мамлакат ба низоми пардохтии «Золотая корона» бо рақами +7 (495) 96 00 555 (шабонарӯзӣ); намояндаи «Золотая корона» дар Тоҷикистон: +992 90 888 80 80; ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии БМТ бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 (“ALLOMUSHTARI@NBT.TJ”) фавран муроҷиат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва сари вақт гирифтани интиқолҳои пулӣ ташкилотҳои қарзиро вазифадор намудааст, дар сарбонк ва муассисаҳои зертобеашон (филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ), ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо, атрофи бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои сераҳолӣ ҷойгиранд, то охири моҳи декабри соли 2019 рӯзҳои шанбе ва якшанберо рӯзҳои корӣ эълон намуда, ба кор баромадани хазинадорон ва кормандонеро, ки ба анҷом додани амалиёти интиқолӣ ва мубодилавӣ машғуланд, таъмин намоянд.








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






