«Бозтоби масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 09.12.19. /АМИТ «Ховар»/. «Бозтоби масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» — чунин унвон дорад маҷмӯаи илмии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки ба тозагӣ интишор гардид.
Дар мақолаҳои илмии профессорон Нуъмонҷон Ғаффорӣ «Назаре ба тарҷумаҳои Лоиқ», Саидмуроди Хоҷазод «Устод Лоиқ ва забони миллӣ», дотсентон Наврӯз Гулзода «Ифодаҳои маҷозӣ бо луғатҳои соматикӣ дар осори Муъмин Қаноат», Абдуҷаббори Сурӯш «Устод Лоиқ ва марзи ҷовидонагӣ», Абдулҳамид Шоев «Устод Муъмин Қаноат дар шинохти Лоиқ», Манзура Мадатзода «Назаре ба инъикоси сулҳу ваҳдат дар ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ», Холмаҳмад Раҳимов «Устод Лоиқ ва ҳувияти миллӣ» ҷанбаҳои рӯй овардан ба масоили худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар осори ду ситораи назми муосири тоҷик бо дидгоҳи нав мавриди пажӯҳиши илмӣ қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла, дар маҷмӯа омадааст, ки шоирон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ сулҳу ваҳдати миллиро чун неъмати беҳтарин пазироӣ карда, дар тавсифу ситоиши ин падидаи фархунда ашъори фаровон эҷод намудаанд.
Дар маҷмӯа зикр шудааст, ки такондиҳандаи аслии зеҳнияти Лоиқ ба дарк ва фарогирии масъалаҳои худшиносии таърихӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳувияти инсонӣ ва фардияти ҳунарии ӯ вобаста буд.
Олимон дар китоб хулоса кардаанд, ки ҳам Муъмин Қаноат ва ҳам Лоиқ Шералӣ бо ашъори сулҳпарваронаашон чун шоирони ватандӯст ва ваҳдатсаро мардумро ба ягонагию ҳамдилӣ даъват намудаанд.
Маҷмӯа барои пажӯҳишгарони осор, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯён ва ҳаводорони ашъори ин устодон пешбинӣ шудааст.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






