Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ҷамъбаст гардид

Декабрь 16, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр  дар шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ҷамъбаст гардид. Дар он  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода,  варзишгарон аз  тамоми ҷумҳурӣ  ва  ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» хабар доданд, Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар сатҳи баланд доир шуда, дар намуди сабқат- рақобати даставӣ  шаҳри Душанбе бо гирифтани 37 медал: 22 тилло, 7 нуқра ва 8 биринҷӣ сазовори ҷои якум гардид.

Ҷои дуюм  бо гирифтани 25 медал: 10 тилло, 15 нуқра ва 3 биринҷӣ насиби вилояти Суғд  ва ҷои сеюм бо гирифтани 30 медал: 3 тилло, 5 нуқра ва 22 биринҷӣ ба вилояти Хатлон дода шуд.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, он аз  ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  иборат буд.

Ба  гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ   8 намуди бозӣ: гӯштингирӣ ё гӯштини миллии суннатӣ, чавгонбозӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ (сангбардорӣ), дастхобонӣ, пойга (варзиши сабук, давидан ба масофаҳои 200, 400, 800 метр), шоҳмот ва бандкашӣ дохил буданд.

Гурӯҳи  намоишӣ  аз 10 номгӯй бозӣ: хурӯсҷанг, чиликдангал (чиликбозӣ), ланкабозӣ, биҷилбозӣ (Буҷулбозӣ), камонварӣ, шамшерзанӣ, камолғулак, фалағмолпартоӣ (фалахмон), ҳойталак ва бандпарак иборат буд.

Фестивали мазкур  аз 3 марҳила: маҳаллӣ (деҳа, ҷамоату деҳот ва шаҳру ноҳияҳо), минтақавӣ (вилоятӣ) ва ҷумҳуриявӣ иборат буда, марҳилаи  якум дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ  ва марҳилаи  дуюм дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ доир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ маҳз бо мусоидати бевоситаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 17 сентябри соли 2016 дар заминаи баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ  шуда, мақсад аз он эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас мебошад.

Бозиҳои миллии варзишӣ муҳимтарин воситаи устуворгардонии рушд ва ташаккули тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ ба ҳисоб рафта, эҳёи он аз  ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуд.

Тавре гуфта мешавад, бархе аз бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буда, то имрӯз расидаанд.

Шодӣ Сафаров  дар китоби “Таърихи бозиҳои миллии халқи тоҷик” чунин гуфтааст: “Агар ба таърихи бозиҳои миллии халқи тоҷик аз нуқтаи назари густариш ва такомули он назар кунем ва ба таҳқиқ ба пажӯҳиши илмии он баҳо диҳем, ба хубӣ дарк мекунем, ки он роҳи тӯлонии таърихро аз давраи қадим то ба замони мо тай кардааст. Бо тақозои замон роҳи тӯлонии бозиҳо аз ҷиҳати сифат, маънӣ ва тарзи иҷрою усулҳои истифода аз як халқу қавм ба дигар халқҳою миллатҳо гузашта, омезиш ёфтааст”.

Бояд зикр намуд, ки варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти  саломатии аҳолӣ ва парвариши насли навраси солиму неруманд аҳамияти бузург дорад. Ин аст, ки варзишро  гарави саломатӣ — солимии миллат ва шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат медонанд.  Ҳоло бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, тамоми шароитҳои замони муосир  фароҳам оварда шудааст.  Инчунин сохтмони майдончаҳо ва қасрҳои варзиш ва баргузории ҳар гуна мусобиқаҳо аз  таваҷҷуҳи махсус доштани Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат нисбат ба соҳаи мазкур дарак медиҳанд.  Ин аст, ки ҳамасола сафи ҷавонону наврасон, аз ҷумла калонсолоне, ки ба варзиш рӯ меоранд, дар ҳоли афзоиш аст. Ин ҷо метавон аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»- ро мисол овард. Мусобиқаи мазкур дар 4 марҳила доир шуда, он тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифт.

Ин дар ҳолест, ки 12 декабр, дар арафаи баргузории даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси як қатор давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон якдилона 20 июлро Рӯзи умумиҷаҳонии шоҳмот эълон кард.

Шоҳмот  яке аз қадимтарин бозиҳои зеҳнӣ ва фарҳангие мебошад, ки унсурҳои варзиш, тафаккури илмӣ ва санъатро дар бар мегирад. Аз ин рӯ ҳамаи давлатҳо пешниҳод карданд, ки Рӯзи нави умумиҷаҳонии шоҳмотро сазовор таҷлил намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳмот яке аз қадимтарин бозиҳои халқи тоҷик ва дигар халқҳои форсизабон ба ҳисоб меравад. Он бозиест, ки дар тамоми ҷаҳон бозӣ карда мешавад. Он адолат, ҳамгироӣ ва эҳтироми мутақобиларо таҳрик медиҳад ва инчунин ба фароҳам овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва давлатҳо мусоидат мекунад.

Дар давлатҳои мухталиф бозии шоҳмот номи худро дорад: дар Англия — чесс (англисӣ chess), дар Испания — ахедрес (испанӣ el axedres), дар Германия — шах (немисӣ Schach), дар Франсия — эшек (франсавӣ echecs). Номи русии он аз забони форсии қадим сарчашма мегирад: «шах мат» (шоҳ мот) – «Шоҳ мағлуб шуд».

«Шоҳмот бозидан қобилияти ақлониро мекушояд», — гуфта буд замоне рӯзноманигор, нависанда ва сиёсатмадори маъруфи ИМА Бенҷамин Франклин. Ин бозии шавқоварро аз замонҳои қадим миллионҳо одамон дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон бозӣ мекарданд. Имрӯз шоҳмот на танҳо ба як намуди варзиш, балки ба усули боэътимоди тарбияи фарзанд табдил ёфтааст. Бо дарназардошти ин, моҳи августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷорӣ кардани дарси шоҳмотро дар мактабҳои мамлакат таъкид карда буданд. Пас аз он, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои дарсиро бо забони тоҷикӣ таҳти унвони «Асосҳои шатранҷ» нашр кард, ки дар он қоидаҳо ва маҷмӯи комбинатсияҳои ин бозии қадимаи мардуми мо дарҷ ёфтаанд. Барномаи таълимӣ оид ба шоҳмот дар мактабҳои миёна низ таҳия карда шуд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ байни дастаҳои Лигаи якум чемпиони Тоҷикистон гардид
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мавқеашро беҳтар намуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Панҷшер» дар сафар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон бозиҳои дӯстонаи дастаҳои мунтахаби занонаи Русия ва Озарбойҷонро доварӣ мекунанд
9 варзишгари Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок мекунанд
Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи 13-ум ғолиби Лигаи олии Тоҷикистон гардид
Баъди бозӣ бо «Эсхата» ба дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ҷоми чемпиони Тоҷикистон супорида мешавад
4 варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд
Дар бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» ғолиб муайян нашуд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими Афғонистон пирӯз шуд