Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқҳои муҳоҷирон» доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар меҳмонхонаи «Hilton»-и Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир (International Migrants Day) маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқҳои муҳоҷирон» баргузор гардид. Маросими мазкурро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Созмони байналмилалии муҳоҷират, ташкилоти СММ — Занон дар Тоҷикистон доир намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози маросим намоиши аксҳо таҳти унвони «Муҳоҷирати меҳнатӣ аз нигоҳи муҳоҷирон» доир гардид.
Дар ҷамъомад сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарафҷон Раҷабов, директори Институти «Ҷомеаи кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон Илҳом Абдуллоев, роҳбари намояндагии Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Кристина Транк, роҳбари Дафтари СММ –Занон дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова оид ба аҳамияти озмуни мазкур дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва дигар масъалаҳои ба он вобаста изҳори назар карданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳадафи озмун, пеш аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ буда, ҳамчунин ба ин восита ҷалб намудани таваҷҷуҳи намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва бартараф намудани мушкилоти онҳо мебошад.
Сипас аз ҷониби созмондиҳандагони маросим ба ғолибони Озмуни «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқҳои муҳоҷирон» ҷоиза ва туҳфаҳо супорида шуданд.













Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






