Дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Зимни доир намудани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе марди 32-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вақти кофтуков аз номбурда 10 ҳазору 400 дона маводи тарфгарии тамғаҳои «Дракон Х041», «Питарда Х041» ва «Трения 201», ки истеҳсоли саноатӣ мебошанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, эзоҳи 1, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мутаассифона, бо фаро расидани Соли нави мелодӣ баъзе аз нафарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ машғул мешаванд. Ҳол он ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилот ва ба фурӯш баровардани ин мавод қатъиян манъ карда шудааст.
Дар моддаи 199, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «1.Ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори начандон калон ё дар давоми сол пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, бо ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдорҳо агар ба миқдори калон содир шуда бошанд, бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Таҳти мафҳуми ба миқдори начандон калон аз бист то сад адад маводи тарфгарии (пиротехникӣ) барои оташфаввораҳо истифодашаванда, аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ, ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад».
Доир ба ин қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок доир гардида, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






