Дар Душанбе ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар хизматрасониҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид бо тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта иброз доштанд, дар толори Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси сайёҳӣ вобаста ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва баҳогузории меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайҳӣ хабар медиҳад.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди соҳа маҳсуб мешавад.
Дар кори ҳамоиш лоиҳаи низомномаи фаъолияти кори Комиссияи байниидоравӣ оид ба табақабандии меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври рӯнамо муаррифӣ гардид.
Тибқи низомномаи мазкур, дар кишвар навъҳои меҳмонхонаҳо ба 6 навъ табақабандӣ карда мешавад: “панҷ ситора”, “чаҳор ситора”, “се ситора”, “ду ситора”, “як ситора” ва “бе ситора”. Болотарин дараҷаи ситора “панҷ ситора” аст ва поинтарини он беситора мебошад.
Фаъолияти меҳмонхонадорӣ ва меҳмонавозӣ дар асоси Шаҳодатнома ба роҳ монда мешавад, ки он аз ҷониби мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад. Машғул шудан ба фаъолияти меҳмонхонадорӣ ва меҳмонавозӣ бидуни иҷозатномаи махсус мувофиқи қонунгузорӣ ҷавобгарӣ дорад.
Тазаккур дода шуд, ки ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат, яъне баҳогузорӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад.
Дар ҷамъомад иштирокчиён инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва низоми идоракунии сифат дар соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, сифати хизматрасонӣ чун нишондиҳандаи асосии рушди соҳаи сайёҳӣ, тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва зарурати истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар хизматрасонии меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Қобили зикр аст, ки тасдиқ гардидани Низомнома тарзи истифода, мақсад, тартиби хизматрасонӣ ва табақабандии меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур иштирокчиён аз осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он намунаҳои асъори миллию хориҷӣ аз қадим то имрӯз мавҷуд аст, дидан намуда, он ба хатсайри сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ворид карда шуд.









Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






