Дар Душанбе ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар хизматрасониҳои сайёҳӣ баррасӣ шуд

Декабрь 30, 2019 17:10

ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид бо тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта иброз доштанд, дар толори Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси сайёҳӣ вобаста ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва баҳогузории меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайҳӣ хабар медиҳад.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои кишвар  иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои стратегии рушди соҳа маҳсуб мешавад.

Дар кори ҳамоиш лоиҳаи низомномаи фаъолияти кори Комиссияи байниидоравӣ оид ба табақабандии меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври рӯнамо муаррифӣ гардид.

Тибқи низомномаи мазкур, дар кишвар навъҳои меҳмонхонаҳо ба 6 навъ табақабандӣ карда мешавад: “панҷ ситора”, “чаҳор ситора”, “се ситора”, “ду ситора”, “як ситора” ва “бе ситора”. Болотарин дараҷаи ситора “панҷ ситора” аст ва поинтарини он беситора мебошад.

Фаъолияти меҳмонхонадорӣ ва меҳмонавозӣ дар асоси Шаҳодатнома ба роҳ монда мешавад, ки он аз ҷониби мақоми ваколатдор пешниҳод карда мешавад. Машғул шудан ба фаъолияти меҳмонхонадорӣ ва меҳмонавозӣ бидуни иҷозатномаи махсус мувофиқи қонунгузорӣ ҷавобгарӣ дорад.

Тазаккур дода шуд, ки ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат, яъне баҳогузорӣ тибқи талаботи  стандартҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои  баланд бардоштани  сатҳи хизматрасонӣ мебошад.

Дар ҷамъомад иштирокчиён инчунин масъалаҳои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва низоми идоракунии сифат дар соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, сифати хизматрасонӣ чун нишондиҳандаи асосии рушди соҳаи сайёҳӣ,  тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва  зарурати истифодаи стандартҳои байналмилалӣ дар хизматрасонии меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Қобили зикр аст, ки тасдиқ гардидани Низомнома тарзи истифода, мақсад, тартиби хизматрасонӣ ва табақабандии меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур иштирокчиён аз осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он намунаҳои асъори миллию хориҷӣ аз қадим то имрӯз мавҷуд аст, дидан намуда, он ба хатсайри сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ворид карда шуд.

 

 

Декабрь 30, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад