Дар Душанбе вазъи ҳуқуқи инсон, мушкилот ва дурнамои он муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Ҳуқуқи инсон: мушкилот, роҳи ҳал ва дурнамо» конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронси мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва қабули Эъломияи ҳуқуқи башар доир гардида, дар он намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олимону муҳаққиқон ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар тамоми мамлакатҳои олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз дар ин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки соли равон аз ин сана 71 сол сипарӣ шуд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад. Он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиён-шоҳ Куруш қабул гардидааст. Ба андешаи таърихшиносон, Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ маълум ва машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.
«Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо раванди инкишофи ҷаҳон ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Қабули ин санади муҳими давлатӣ, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда мешавад»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.
5 ноябри соли 2007 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикӣ ба муносибати 13-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон бар пояи андешаи созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои пурқимати миллии мо ва дар айни замон бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Чуноне ки аз эъломияи Куруши Кабир — аввалин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният ва маҳсули хирад ва таҷрибаи ниёгони мо бармеояд, миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик аз қадимулайём ҳамеша барои озодӣ, баробарҳуқуқӣ ва зиндагии орому осуда талош доштааст».
Эъломияи мазкур ҳамчун маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ имрӯз ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст. Матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.
Мавриди зикри хос аст, ки дар конфронс олимону муҳаққиқон оид ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузории мамлакат дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан гуфта, вазъи санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар ин ҷода баррасӣ намуданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 шумораи қонуншиканиҳо дар самти танзими ҷашну маросим коҳиш ёфт
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?






