Дар шаҳри Қингдаои Чин Мусобиқаи ситораҳои дзюдо оғоз гардид

Декабрь 13, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 12 декабр  дар шаҳри Қингдаои Чин Мусобиқаи ситораҳои дзюдо оғоз гардид. Дар он чор варзишгари тоҷик: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов иштирок доранд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо то 14 декабр идома ёфта, тибқи низомнома, дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд.

Бори аввал дар таърихи дзюдои мамлакат чор варзишгар  ба ин мусобиқа даъват шуда,  дар раддабандии ҷаҳонӣ Сомон Маҳмадбеков феълан дар ҷои 17-уми вазни -73 кг мавқеъ дорад. Беҳрӯз Хоҷазода дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ Устопириён  дар ҷои 18-уми вазни -90кг ва Темур Раҳимов дар ҷои 27-уми вазни +100кг мебошанд.

Тибқи  иттилои сомонаи расмии IJF, дар Мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон 448 нафар варзишгарон (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ: 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон  сурат мегиранд. Варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 9 ҳазор доллари ИМА, барои ҷои дуюм 6 ҳазор  доллар ва барои ду ҷои сеюм 3 ҳазор долларӣ пешбинӣ шудаанд.

Инчунин варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд.  Барои ҷои аввал 1800 хол, барои ҷои дуюм 1260 хол, барои ҷои сеюм 900 хол, барои ҷои панҷум 648 хол ва барои ҷои ҳафтум 468 хол пешбинӣ гардидааст.

Декабрь 13, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт