ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. «Амонатбонк» бо Дипломи дараҷаи 1-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои хидмати шоиста бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳамчун мақомоте, ки дар он теъдоди бонувон аз шумори хизматчиёни давлатӣ ва фаъол зиёданд, бо Дипломи дараҷаи 1 ва Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Диплом ва Ифтихорномаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ба Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз номи Раиси ин мақоми олии қонунбарор Шукурҷон Зуҳуров тақдим намуд.
Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки мутобиқи нақшаи корӣ Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли равон тасмим гирифт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бештари бонувон дар кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин ба муносибати 20—солагии Фармони мазкур нахустозмуни байнисоҳавӣ эълон намояд.
Озмуни мазкур бо манзури рӯнамоӣ намудани хидматҳои арҷманди Сарвари олии мамлакат, ки сабки модарнавозиву бонупарвариро ба ҳамагон илқо менамоянд, анҷом пазируфта, тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахшҳои хидматрасониро фаро гирифт.
Дар ин давра дар асоси талаботи озмун ҷадвали исму насаби бонувон, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ (вазорату идораҳо, мақомоти иҷроия, суд, бонкҳо) фаъолияти пурсамар доранд, дастрас гардида, мақомоте, ки дар он теъдоди бонувон аз шумори хизматчиёни давлатӣ ва фаъол зиёданд, бо Диплом ва армуғонҳо қадрдонӣ шуданд.
БДА «Амонатбонк», ки дар он 1150 нафар бонувон фаъолияти пурсамар доранд, бо ишғоли ҷойи аввал сазори Дипломи дараҷаи 1 ва Ифтихорномаи ин озмун гардид.










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






