ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгари сол байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш

Декабрь 25, 2019 13:12

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони «Беҳтарин варзишгари  соли 2019 байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш»-ро бо 50 ҳазор сомонӣ   ба паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков  тақдим намуд. Маросими эътои ҷоизаҳои соли Кумитаи ҷавонон ва варзиш 24 декабр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт  доир шуд.

Тавре дар маросими ҷоизасупорӣ зикр гардид,  Сомон Маҳмадбеков нахустин варзишгари тоҷик аст, ки моҳи октябри соли 2019 дар  Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон  оид ба  гӯштини дзюдо унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Ӯ дар вазни 73 килограмм бар варзишгарони Кеп Верд — Семедо Клаудиано, Қирғизистон — Асад Масабиров, Белгия — Абдул Малик Умаев, дар даври чорякниҳоӣ бар намояндаи Италия  Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Россия дастболо шуда, соҳиби медали тиллои чемпионат гардид.

Сомон Маҳмадбековро қаблан барои ин пирӯзӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ низ сарфароз гардонданд.

Сомон Маҳмадбеков дар шаҳри Иркутски Россия зиндагӣ ва таҳти роҳбарии амакҳояш машқи гӯштин мекунад. Вале Сомон, тавре расонаҳо навиштаанд,  чандин пешниҳоди ҳунарнамоӣ аз номи Россияро рад карда, дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳатман таҳти парчами Тоҷикистон  ба майдон мебарояд.

Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳонгконг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дод ва  ҷои 5-умро ишғол намуд.

Декабрь 25, 2019 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд