«Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон» — намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ дар Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар Бангладеш
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 7 декабр дар Бангладеш 15-умин Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил ҷараён дорад, ки дар он намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ доир мегардад. Намоиши мазкур бо унвони «Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон» созмон ёфтааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин барнома беш аз 12 филм, ки онҳоро кинематографистони тоҷик солҳои 2018 ва 2019 офаридаанд, намоиш дода мешаванд. Дар ин миён филмҳои ҳуҷҷатии «Умед»- коргардон Дилошӯб Орифзода, «Шӯроб»- маҳсули кори якҷояи Дилошӯб Орифзода ва Далери Имомалӣ, «Умар-ако»-и коргардон Далери Имомалӣ, инчунин филмҳои кӯтоҳи «Чархофалак» ва «Марги ламсшуда» аз коргардон Беҳрӯз Давлатбеков, «Таксӣ»-и коргардон Файзулло Файз, «Бархӯрд»-и коргардон Фирдаус Нину, «Некӣ»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Дуғоб»–и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо, «Бункер»-и коргардон Диловар Султонӣ, «Аз баландии парвоз» –и коргардон Акмал Восидӣ, «Боздоштшудагон» аз коргардон Хушнуд Шукуров, ки онро дар ИМА таҳия кардааст, мебошанд.
Дар барномаи озмунӣ танҳо филми ҳуҷҷатии «Умар-ако»-и коргардон Далери Имомалӣ миёни 8 филм аз кишварҳои Миянмар, Бангладеш, Ҳиндустон, Япония, Туркия ва Тоҷикистон иштирок мекунад.
Барномаи «Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон»-ро коргардон ва мунаққиди тоҷик Шарофат Арабова созмон додааст. Бештари филмҳо, ки дар чорчӯбаи барномаи мазкур намоиш дода мешаванд, истеҳсоли МД “Тоҷикфилм” мебошанд ё бо ҳамкорӣ бо он наворбардорӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 15-умин Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар Бангладеш то 13 декабр идома меёбад.








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






