Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи 84-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Москва иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 7.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар Москва ҷаласаи 84-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, дар он намояндагони кишварҳои Иттиҳод дар сатҳи муовинони сарвазирон, ки ба масъалаҳои иқтисодӣ масъуланд, иштирок намуданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа узви ШИ ИДМ, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид намояндагӣ кард.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ шомил карда шуданд. Ҷаласаи Шӯрои иқтисодиро Раиси он, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Гочмират Мирадов роҳбарӣ намуд. Гузаштани раёсат дар Шӯрои иқтисодӣ дар соли 2020 аз Туркманистон ба Ӯзбекистонро Гочмират Мирадов эълон дошта, изҳори итминон намуд, ки афзалиятҳои раёсати ҷониби Ӯзбекистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд кард.
Сарони ҳайатҳои давлатҳои Иттиҳод асосан лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030-ро маъқул дониста, ба такмили минбаъдаи он тавсия доданд. Ҳуҷҷати мазкур ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди иқтисодии ИДМ барои даҳсолаи оянда ва самтҳои асосии ҳамкориро дар ин соҳа муайян мекунад. Татбиқи Стратегия ба давлатҳои ИДМ имкон медиҳад, ки рақобатпазирии иқтисод ва сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон баланд бардошта шуда, ба мавқеи ҳар як давлат ва дар маҷмӯъ Иттиҳод дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳон таҳким бахшида шавад. Ҳуҷҷати қабулшуда барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда мешавад.
Бо баррасии маълумот оид ба татбиқи Рӯйхати лоиҳаҳои озмоишии Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2020, ки фарогири мавзӯъҳои самаранокии энергия, нанотехнология, тиб ва ғайра аст, Шӯрои иқтисодии ИДМ ба ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод чораҳои заруриро барои таъмини саривақтии маблағгузории қисматҳои миллии ин лоиҳаҳо пешниҳод кард. Инчунин ба фармоишгарони миллӣ дастур дода шуд, ки ба Оператори барномаи мазкур Фонди «Сколково» мусоидат намоянд.
Қарорҳо дар бораи Пешгӯии истеҳсол ва истеъмоли захираҳои энергетикии давлатҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030, инчунин дар бораи таҳрири Низомномаи озмун ҷиҳати сазовор шудан ба Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот, хизматрасонӣ ва ғайраҳо ба имзо расиданд.
Дар баробари ин, ба аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ маводи гуногуни иттилоотию таҳлилӣ ва маълумотномаҳо пешкаш карда шуданд.
Илова бар ин, иштирокчиёни ҷаласа якчанд масъалаҳои молиявӣ ва ташкилиро баррасӣ карданд.
Ҷаласаи навбатии 85-уми Шӯрои иқтисодӣ 13 марти соли 2020 дар Москва баргузор мегардад. Худи ҳамон рӯз баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳод пешбинӣ шудааст.
АКС аз Иля Питалёв /РИА Новости/ ва REPORT








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






