Дивизиони С-300 дар Тоҷикистон ба навбатдории низомӣ шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Системаҳои зиддимушакии С-300ПС-и Округи марказии ҳарбии Россия ба навбатдории низомӣ дар Тоҷикистон шурӯъ намуд, хабар медиҳад «РИА Новости» бо истинод ба «Звезда».
Ба ҳайати дивизион тақрибан 30 адад техника, аз ҷумла, нуқтаҳои фармондеҳӣ, таҷҳизоти бакордарорӣ, системаи радиолокатсионӣ, чароғакҳо, нишонгиракҳо ва инчунин мошинҳои таъминкунанда дохил мешаванд. Вазифаи асосии инҳо муҳофизати иншооти пойгоҳи низомии 201-и Россия, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд ва мудофиаи ҳавоии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
С-300 — системаи мушакии зенитиест, ки ба ҳадафҳои баллистикӣ ва аэродинамикӣ зарба зада метавонад. Он дорои системаи бисёрҷанбаи мушакии зенитиест, ки метавонад то шаш ҳадафро ҳамроҳӣ карда, то 12 мушакро бар зидди онҳо равона созад. Вақти ташкил ва интиқол тақрибан панҷ дақиқа аст.
АКС аз «РИА Новости» /Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия/








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






