Филми «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо дар Кинофестивали «Қирғизистон-мамлакати филмҳои кӯтоҳ» иштирок менамояд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар фестивали мазкур миёни 14 асар Тоҷикистонро филми «Дӯғоб» намояндагӣ мекунад.
Ҳар сол аз 12 то 15 декабр Кинофестивали «Қирғизистон- мамлакати филмҳои кӯтоҳ» кинематографистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистонро дар шаҳри Бишкек- пойтахти Қирғизистон ба ҳам меорад. Фестивали мазкур ҳамасола ба поси хотири нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов бахшида мешавад.
Ин сеюмин фестивал аст, ки филми кӯтоҳи «Дӯғоб»-и коргардони тоҷик Зайнулобиддин Мӯсо баъди кинофестивалҳои «Само» ва «Лолаи тиллоӣ» дар он иштирок мекунад.








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






