Фолклоршиноси амрикоӣ — меҳмони маҳфили «Фарҳанги мардум»
ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар моҳ дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили «Фарҳанги мардум» таҳти роҳбарии профессор Равшан Раҳмонӣ баргузор мегардад. Дар маҳфил дар бораи масъалаҳои муҳими фолклоршиносии тоҷик ва робитаи он он бо фолклори халқҳои дигари олам мубоҳисаҳои илмӣ сурат мегиранд.
Мавзўи маҳфили навбатӣ «Вазъи имрўзи фолклори тоҷик дар байни мардум» буд. Дар он меҳмон аз Амрико — фолклоршинос доктор Бенйамин Гетлинг (Benjamin Gatling) ширкат намуд.
Сароғоз Равшан Раҳмонӣ ёдовар шуд, ки аз соли 1998 бо фолклоршинос- профессор Маргарет Миллс мукотиба дорад. Соли 1999 ва солҳои баъд М.Миллс борҳо ба Тоҷикистон омад. Профессор М.Миллс бо ҳамкории Р.Раҳмонӣ аз байни мардум матнҳои гуногун, ба монанди афсона, ривоят, нақл, қисса, дубайтӣ, рубоӣ, дуо, шугун, латифа, зарбулмасал ва ғайра сабт намуданд. Аз саволу ҷавоб маълум шуд, ки М.Миллс ва Р.Раҳмонӣ китобе низ бо номи “Нақлҳои шифоҳӣ дар Тоҷикистон: Гуфтугў бо Давлат Холов” (2000) ба нашр расонидаанд, ки матнҳои онро аз пирамарде Д. Холов (1932-2015) сабт намудаанд.
Профессор Р.Раҳмонӣ зимнан ишорат намуд, ки доктор Бенйамин Гетлинг шогирди М.Миллс буда, ҳоло устоди донишгоҳи Ҷорҷе Месон мебошад. Ў ба гирдоварӣ, омўзиш ва таҳқиқи нақлу ривоятҳои шифоҳии унсурҳои сӯфиёна дар Тоҷикистон машғул аст. Доктор Б.Геттинг аз Донишгоҳи Ҷорҷе Месон (George Mason University) иёлоти Вирҷинияи наздики шаҳри Вашингтон аст.
Аз суҳбати фолклоршинос Бенйамин Гетлинг маълум шуд, ки ў муаллифи мақолаҳои зиёд дар бораи расму оин, нақлҳо ва қиссаҳои мардуми тоҷик дар бораи маросиму ҷашнҳо будааст. Б.Геттинг дар раванди маҳфил ба донишҷўён ёдовар шуд, ки солҳои 2003-2004 ва баъдан солҳои 2010, 2014 ба Тоҷикистон омада, аз калонсолон нақлу ривоятҳои гуногун сабт намудааст. Ба гуфти худаш диққати ўро бештар нақлу ривоятҳо дар бораи ҷойҳои муқаддас, мазорҳо ва шахсиятҳои мазҳабӣ ҷалб намудааст. Дар асоси маводи гирдоварда ў рисолаи илмиашр низ ба ҳамин масъала бахшидааст.
Тавре Б.Гетлинг гуфт, ба наздики китоби ў зери унвони «Мавқеи фарҳанги сӯфиёна дар Тоҷикистон» (2018) дар Амрико ба нашр расид. Аз тариқи саволу ҷавоб маълум шуд, ки ин китоби тозанашр қариб 250 саҳифа буда, масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад. Муаллиф аз тариқи интернет ба донишҷўён китобашро нишон дода, гуфт, ки дар охири китоб истилоҳот ва ибораҳои халқии тоҷикӣ низ шарҳ дода шудаанд.
Доктор Бенйамин Гетлинг дар бораи равиши дарси фолклор дар донишгоҳҳои Амрико маълумот дода, оид ба фаъолияти донишҷўён ва корҳои майдонии онҳо нақл кард. Аз суханронии доктор Б.Гетлинг ва профессор Р.Раҳмонӣ маълум гардид, ки дар китобхонаи Конгреси Амрико маводи зиёди фолклорӣ аз кишварҳои гуногуни олам ҷамъ шудаанд. Дар ин китобхона гурўҳе низ ҳаст, ки барои гирдоварӣ миёни мардум рафта, ҳар сол аз тариқи диктофон ва видео маводи фолклорӣ ҷамъ меоваранд.
Доктор Б.Гетлинг ҳангоми ба саволҳо ҷавоб додан аз тариқи интернет китоб ва мақолаҳои худро, ки дар бораи расму оин ва ҷашну маросими Тоҷикистонанд, нишон дод. Маълум шуд, ки ў дар бораи Тоҷикистон мақолаҳо ва китобҳо таълиф намудааст. Дар китоб ва дигар навиштаҳои ў суратҳо аз минтақаҳои Тоҷикистон ва расму оинҳои мардумӣ низ ҷой дода шудаанд.
Маҳфил хеле шавқовар гузашт. Зимни он донишҷўён Сомон Гурез, Азамат Зарифов ба забони англисӣ бо меҳмон суҳбат карда, ба ӯ саволҳо доданд, ки ин ба меҳмон хуш омад. Ҳамчунин дар раванди маҳфил С.Гурез, А.Зарипов, Ш.Одинамаҳмад, Ф.Миро, А.Авазбекова, З.Амиршоҳзода, Моҳтоббии Илҳом ва дигарон зимни саволҳо аз минтақаҳои худ нақлу ривоятҳои ҷолибе баён намуданд.
Дар охири маҳфил профессор Равшан Раҳмонӣ ба меҳмон якчанд китоби худ, аз ҷумла “Шоҳнома дар байни тоҷикон”, “Шинохти адабиёти гуфторӣ пас аз истиқлоли Тоҷикистон”, “Гуфторе чанд аз эроншиносӣ дар Шветсия” ва “Кори майдонӣ”-ро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки доктор Б.Гетлинг аввали моҳи декабри соли равон ба муддати як ҳафта барои анҷом додани корҳои илмии худ ва гирдоварии мавод ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд.
Икром САИДОВ