Хатсайрҳои нав ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ имкониятҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва хатсайрҳои нави туристӣ зимни як ҳамоиш бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони бахшҳои марбута дар маҳал баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода дар оғози ҳамоиш иброз дошт, ки бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва пешниҳоди маҳсулоти ҷолиби сайёҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ маводи нави таблиғотӣ, аз ҷумла “Даҳ ганҷинаи Тоҷикистон” бо се забон, варианти электронии “Даҳ сабаби сафар ба Тоҷикистон” бо ду забон, наворҳои видеоии нав, аз ҷумла оид ба имкониятҳои сайёҳии якчанд шаҳру ноҳияҳо, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, гиёҳҳои шифобахш, хатсайри сайёҳии Данғара-Пушинг, корномаи Восеъ, ҳафт хатсайри сайёҳӣ ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, шаҳрҳои Нораку Роғун, водии Рашт дар маҷмуъ зиёда аз 40 хатсайрҳои нави сайёҳӣ омода ва роҳандозӣ карда шуданд.
«Рўйхати васеи маҳсулоти сайёҳиро тартиб додан мумкин аст, аммо барои мусоидат ба пешбурди интихоби истеъмолӣ дар қадами аввал муайян намудани якчанд категорияҳои нисбатан содаи маҳсулоти сайёҳӣ беҳтар аст. Дар навбати аввал, ин категорияҳо бояд он маҳсулоти сайёҳиро, ки дар мамлакат бештар рушд ёфтаанд ва маблағгузориҳои нав ва зиёд талаб намекунанд, фаро гиранд. Ҳар як категория хусусиятҳои ба худ хос ва инкишоф дорад. Ҷолибнокии ин маҳсулоти сайёҳӣ метавонад тавассути мукаммалгардонии он ва пешниҳоди он ба миқдори зиёди муштариён баланд бардошта шавад», — тазаккур дод Н. Абдуғаффорзода.
Аслан сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бояд аз рӯи намудҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ташаккул дода шавад.
Меҳмоннавозии мардуми мо аллакай афзалияти мамлакат аст. Вале айни замон дарки аҳамият ва фоидаи рушди сайёҳӣ дар доираи бахши хусусӣ на он қадар назаррас аст. Чун Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, дар пайравӣ бо ташаббусҳои ҳукумати мамлакат ҳар яки моро зарур аст, ки аҳолиро дар рўҳияи дарки аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ, таъсири он ба пешрафти мамлакат ва нақши ҳар як шахс дар рушди соҳа тарбия намоем.
Ҳамчунин доир ба мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ роҳбарони як зумра ширкатҳои сайёҳӣ ибрози андеша намуданд ва миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.










РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






