КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат вохӯриҳо доир менамояд
ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо омода намуда, дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ суҳбату вохӯриҳо доир менамояд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иброз намуд.
Дар маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, раисону муовинони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Иштирокдорон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастурамали корӣ фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад.
Аз ин лиҳоз раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша вохӯриҳоро баргузор намоянд, таъкид намуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.
Дар ҷаласа муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов сухан карданд.
Аз аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур даъват ба амал оварда шуд, ки бо такя ба неруи тавонои хеш дар тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошанд ва баҳри татбиқи онҳо кӯшиш намоянд.
Дар охир аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






