Маҷаллаи немисии «Business & Diplomacy» дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон мавод нашр кардааст

Декабрь 6, 2019 12:37

ДУШАНБЕ, 06.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо, ки дар шумораи навбатии маҷаллаи немисии «Business & Diplomacy» ба табъ расид, ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои назарраси он дар солҳои охир ба қалам дода шудаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР.

Зимни мусоҳибаи худ Сафир атрофи мавзӯъҳои мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ҳамчун давлати тавлидкунандаи «энергияи сабз», татбиқи саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, «300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ», инчунин дигар дастовардҳои Тоҷикистон изҳори назар намудааст.

Сафир дар робита ба воридшавии Тоҷикистон ба шохиси «20 кишвари ислоҳотгар» дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ «Doing Businness 2020» аз доираҳои соҳибкории Германия ва Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз шароити мусоид истифода бурда, барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд талош варзанд.

Декабрь 6, 2019 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид