Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир шуд

Декабрь 30, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахт   маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХТТ Абдураҳмон Хонов, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияҳо,  сардорони Раёсату кумитаҳо, сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Мутобиқи  рӯзномаи маҷлис  дар он масъалаҳои омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба амалӣ намудани  дастуру  супоришҳои  Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII ҲХДТ, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва тасдиқи нақшаи кории ҳизби мазкур барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зоир Раҳмонзода доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат маърӯза намуда, зикр кард, ки Паём тамоми самтҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, дохиливу хориҷиро дар бар гирифта, баҳри рушди босуботи мамлакат ва амалӣ намудани бандҳои он марҳилаи нави пешрафту шукуфоиро таъмин намуда, зиндагии арзанда ва инкишофи озоданаро дар роҳи рушди минбаъдаи давлатдории навини миллӣ муҳайё месозад.

Инчунин зимни маҷлис намояндагон ва фаъолони ҳизб оид ба аҳамияти Паём нуктаҳои ҷолиб зикр намуданд.

Дар доираи маҷлис аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор  қабул гардиданд.

Дар фарҷоми маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе маҷлиси Ситоди пешазинтихоботӣ  бо аъзои Ситод доир гардид, ки дар он нақшаи чорабиниҳои фаъолияти Ситоди пешазинтихоботӣ тасдиқ карда шуд.

 

Декабрь 30, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад