Маркази зиддитеррористии ИДМ 4 ҳазор акси нафарони ба терроризм айбдорро ҷамъоварӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази зиддитеррористии ИДМ 4 ҳазор акси шахсони ба терроризм ва экстремизм айбдоршуда, аз ҷумла, онҳоеро, ки дар амалиёти низомӣ дар хориҷа иштирок кардаанд, дар ихтиёр дорад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дар мусоҳиба бо ТАСС сардори Маркази зиддитеррористии ИДМ Андрей Новиков хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, беш аз 10 ҳазор нафар бо иттиҳоми ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ ба рӯйхати байнидавлатӣ шомил карда шудаанд, ки беш аз 5 ҳазорашон ҷангҷӯ мебошанд. Қариб 4 ҳазор аксҳои ин афрод ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки ин ба таври назаррас кофтуковро осон мекунад»,- гуфт роҳбари Марказ.
А. Новиков зикр кард, ки танҳо соли гузашта бар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Марказ, даҳҳо нафар муайян ва дастгир карда шуданд. Маълумот дар бораи онҳо ба ташаббускорони ҷустуҷӯ ирсол карда шуда, тадбирҳои истирдод андешида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2015 то 2019 бо дастгирии Маркази зиддитеррористии ИДМ қариб 200 нафар барои содир кардани ҷиноятҳои террористӣ дастгир карда шуда, зиёда аз 300 нафаре, ки дар маблағгузории терроризм иштирок доштанд, муайян гардиданд.
Ташкилотҳои манъшуда
Дар махзани маълумоти махсуси Маркази зиддитеррористии ИДМ пойгоҳи иттилоотии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил ёфтааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Россия 31 созмони террористӣ ва 73 экстремистӣ, дар Қазоқистон – 17 созмони террористӣ ва 6 экстремистӣ, дар Қирғизистон 20 созмони ҳамзамон террористӣ ва экстремистӣ, дар Тоҷикистон 18 ташкилоти террористиву экстремистӣ ва дар Ӯзбекистон 22 ташкилот ҳамчун террористӣ эътироф ва манъ карда шудаанд. «Ҳамзамон бояд зикр кард, ки имрӯз на дар ҳама кишварҳои ИДМ таҷрибаи аз ҷониби судҳо эътироф намудани созмонҳои террористӣ ё экстремистӣ мавҷуд мебошад», — илова намуд Новиков.








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






