Милитсияи Душанбе 3 нафар қиморбозро дастгир намуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 3 нафар қиморбозро дастгир намуданд, ки дар бозору маконҳои серодамаи пойтахт ба қартабозӣ бо пул машғул шуда, бо роҳи фиребу макр маблағҳои шаҳрвандонро аз они худ мекардаанд. Бо дарназардоти ҳолатҳои мазкур нисбат ба номбурдагон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Бо ҳукми Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ карда шудааст.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастгиршудагон сокини 35-солаи ноҳияи Восеъ Баротов Муродалӣ Тошмадович, зодаи дигари ҳамин ноҳия Олимов Зафар Файзовичи 43-сола ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб Шоқулов Шаҳзод Мустафоевичи 35-сола мебошанд, ки қаблан низ чандин маротиба барои машғул шудан ба қиморбозӣ боздошт ва нисбат ба онҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуда буд.
Аммо ин нафарон ба ҷойи ба хулосаи зарурӣ омадан ва даст кашидан аз мардумфиребӣ боз ба чунин кирдори ношоиста даст заданд, ки барои ин амалашон дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






