«МИР» ДАР ХИЗМАТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар «Амонатбонк» трансаксияи* низоми нави пардохтҳо сурат гирифт

Декабрь 7, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 7.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон нахустин амалиёт бо корти «Мир»-и Россия сурат гирифт. Трансаксия дирӯз дар Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» аз ҷониби муовини директори генералии низоми пардохтҳои «Мир»-и ФР Сергей Бочкарев, ки дар Душанбе 6 декабр дар Форуми «Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ» иштирок намуд, гузаронида шуд.

Низоми «Мир»-и Россия охири соли 2018 бо низоми миллии пардохтҳои Тоҷикистон «Корти миллӣ» созишнома ба имзо расонид. Ҳамгироии низом бояд ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ, инчунин рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ҳар ду давлат мусоидат кунад. Рӯзҳои наздик бонкҳои иштирокдори «Корти миллӣ» ба омодасозии банкоматҳо ва терминалҳои худ барои қабули кортҳои Россия дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.

ДАР АКС: муовини директори генералии низоми пардохтҳои «Мир» Сергей Бочкарев

Ба гуфтаи Сергей Бочкарев, бонкҳои шарики «Корти миллӣ» имкон доранд кортҳои низоми миллии Тоҷикистонро бо замимаи пардохти «Мир» дастрас намоянд. Ин ба дорандагони чунин кортҳо имконият медиҳад, ки онҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Россия, инчунин дар дигар кишварҳои ИДМ, ки дар он ҷо низоми пардохти «Мир» мавҷуд аст, истифода баранд.

«Мир» — низоми миллии пардохтҳои Россия аст. Иштирокдорони он 302 бонк мебошанд, ки қариб ҳамаи онҳо аллакай дар шабакаи дастгоҳҳои худ кортҳои «Мир»-ро қабул карда,  хизмат мерасонанд. 159 бонк кортҳои «Мир»-ро бароварда истодаанд. Аллакай 69,7 миллион корт бароварда шудааст. Кортҳо дар хориҷа, аз ҷумла аз ҳисоби барномаҳои ко-бейҷингӣ бо низомҳои байналмилалии пардохт қабул карда мешаванд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Форуми «Технологияҳои муосири пардохтӣ. Амалияи истифодабарии технологияҳои муосир дар соҳаи молиявӣ» ва мавриди амал қарор додани лоиҳаи ҳамгироии низоми пардохтҳои «Корти миллӣ» ва «Мир» дар доираи ҳамкории пурсамари миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Россия гузаронида шуданд.

____________________________________________

*Трансаксия (англ. bank transaction, аз лот. transactio – созишнома, шартнома) — ҳама гуна амалиёт бо истифодаи суратҳисоби бонкӣ.

Декабрь 7, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид