Насим Олимзода: «Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-намунаи олии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ»
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» басо пурсамар амалӣ гардида, онро метавон намунаи олии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни як ҷаласа баён дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 17 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷагирии татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои 2 солу 6 моҳ тамдид гардид. «Дар ин муддат метавон дар сатҳи ноҳияҳо корҳои зиёде ба иҷро расонид. Аз ҷумла, дар 6 ноҳияи таҷрибавие, ки ба ин Лоиҳа нав ҳамроҳ мешаванд, дар ҷодаи ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, расонидани хизмати босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолии деҳот, рушди неруи кадрӣ имконоти зиёде фароҳам оварда мешаванд»,- афзуд Насим Олимзода.
Мавриди зикри хос аст, ки рушди хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини шароити зарурӣ барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафда, дар ин ҷода саҳми шарикони рушд низ назаррас мебошад.








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






