Қоҳир Расулзода ҷиҳати шинос шудан бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ аз ноҳияҳои Данғара, Фархор ва Восеъ боздид намуд

Декабрь 18, 2019 13:22

ДУШАНБЕ, 18.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шинос шудан бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ноҳияҳои Данғара, Фархор ва Восеъ сафар кард.

Нахуст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бинои иншооти хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои утоқҳои кошонаи ҳусн, ҳаммом, меҳмонхона ва толори варзишӣ мебошад.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Инчунин дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии деҳоти Себистони ноҳияи Данғара Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои сохтмони фабрикаи парандапарварӣ шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи парандапарварӣ бо иқтидори ду миллиону сесад ҳазор сар паранда дар як сол бунёд карда мешавад.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегардад.

Сипас Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии  Пӯшидаи Ҷунтай-Син Силу Текстил шинос шуд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи навбатии корхонаи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  сохта мешавад.

Сарвазири  мамлакат аснои шиносоӣ масъулони Ҷамъияти саҳҳомии  Пӯшидаи Ҷунтай-Син Силу Текстилро вазифадор намуд, ки корҳои сохтмонии иншооти мазкур бояд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати пешбинишуда ва  бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.

Сипас Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор бо ҷараёни корҳои сохтмони як қатор иншоот шинос шуда, коргоҳи дӯзандагӣ ва корхонаи парандавариро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ноҳияи Фархор дар доираи ҷашнҳои миллӣ сохтмони 333 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд.

Барои вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмон ва навсозӣ дар ноҳияи Фархор  тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.

Ҳамчунин нимаи дуюми рӯз Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Восеъ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъйиноти гуногун шинос шуд.

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмони 405 иншоот ба нақша гирифта шуда буд.

Аз шумораи умумии иншооти ба нақша гирифташуда то имрӯз 144 иншоот ба истифода дода, дар 167 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Тавре таъкид гардид, ҳамаи иншооти ба нақшагирифташуда бо назардошти хизматрасонии мусоир ва талаботи меъморию сохтмонӣ бунёд карда мешаванд.

Ҳангоми шиносоӣ Сарвазири мамлакат аз масъулин  талаб намуд, ки баҳри боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ  масъулияти дучанд эҳсос намуда, талош намоянд, ки иншооти ба нақшагирифташударо дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.

Декабрь 18, 2019 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 6640 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ РОҲҲОИ ОБОДИ ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2028». Ва ё чӣ қадар роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардиданд?
Дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои томактабӣ меафзояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 90 фоизи иншооти банақшагирифташуда ба истифода дода шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 28 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд