Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ — Гурҷистон-2019» мукофотонида шуданд

Декабрь 4, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 04.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Раёсати маорифи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон маросими истиқболи ғолибони Олимпиадаи байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ — Гурҷистон-2019»  баргузор гардида, онҳо бо «Ифтихорнома»-и Раёсати маорифи ВМКБ, «Ифтихорнома»-и шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи ВМКБ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ғолибонро дар назди бино сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов ва дигар кормандони соҳаҳои маорифи шаҳру вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 22 ноябр дар шаҳри Тблисии Ҷумҳурии Гурҷистон аз тарафи Ассотсиатсияи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ (GAMA)  Олимпиадаи IV байналмилалии «Арифметикаи зеҳнӣ- Гурҷистон – 2019» баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар он хонандагон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳам рақобат карданд.

Аз муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хонандагони зерин, ки дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ тайёрӣ мебинанд, аз номи Тоҷикистон дар ин олимпиада ширкат варзида, сазовори чунин ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:

-хонандаи синфи 7-уми МТМУ №2 шаҳри Хоруғ Зӯҳро Шафиева сазовори ҷойи 3- юм;

-хонандаи синфи 5-уми МТМУ №7 шаҳри Хоруғ Зӯҳро Алифбекова сазовори унвони чемпиони мутлақ (супер чемпион);

-хонандаи синфи 4-уми муассисаи таълимии Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Зӯҳро Элназарова  сазовори ҷойи 1-ум;

-хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Хайруллобек Абдуламиров сазовори ҷойи 1-ум;

-хонандаи синфи 7-уми муассисаи таълимии Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Аниса Имомберидиева  сазовори унвони чемпион;

-хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Шоғиёс Мамадризохонов  сазовори унвони чемпион;

-хонандаи синфи 4-уми муассисаи таълимии Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ Абдулназар Мавлоназаров сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

Декабрь 4, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд