Овозхони наврас аз Панҷакент ситораи шабакаи ҷаҳонӣ шуд: видеои ӯ дар интернет дар муддати кӯтоҳ қариб 3 миллион тамошобин пайдо кард!

Декабрь 16, 2019 16:17

ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Видеои писарбачаи 16-солаи тоҷик Абдурозиқ, ки бо садои ғайриоддӣ ва самимона месарояд, дар Интернет шӯҳрати хоса пайдо мекунад. Овозхони ҷавон дар Тоҷикистон маҳбубият пайдо кардааст ва ҳоло талош дорад дар шабакаи ҷаҳонии Интернет низ шӯҳрати зиёд ёбад. Видеои «Оҳи дили зор»-и ӯ дар шабакаи YouTube дар муддати кӯтоҳ қариб 3 миллион тамошобин пайдо кард!

Абдурозиқ писари махсус  – навраси шонздаҳсола аз деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент аст.

Ҳунарманди ҷавон дар оилаи камбизоат ба воя расидааст ва падару модараш натавонистаанд бемории кӯдаки худро сари вақт табобат кунанд. Аз сабаби бемории рахит қадкашии Абдурозиқ инкишоф намеёбад, аммо ин барои  гузаронидани ҳаёти мукаммал ва пур аз сурури овони наврасию ҷавонӣ  ва  нишон додани истеъдоди мусиқӣ ба  ӯ  халал нарасонидааст.

Дар кӯлбори ин  писарбача аллакай як композитсияи яккахонӣ ҳаст, ки дар ҳама ҷои Душанбе садо медиҳад ва   суруди нави  ватанпарварона бо овозхони тоҷик Барон бо номи «Ватан-Модар» бомуваффақият сабт шуд. Ин видео низ дар Интернет маъруфият пайдо мекунад.

Номи Абдурозик рӯз аз рӯз маъруфтар мегардад ва аз рӯи наворҳои видеои гуногун, ки дар интернет пайдо мешаванд, чунин бармеояд, ки ин навраси ҳунарманд  корҳои худро дар лоиҳаҳои нав идома  доданист.

Ҳоло Абдурозиқ дар мактаб таҳсил мекунад, фанҳои дӯстдоштаи ӯ математика ва сурудхонӣ мебошанд. Илова ба сурудҳои эстрадӣ  Абдурозиқ сурудҳои халқиро дар услуби шашмақом месарояд ва орзу  дорад, ки ба мактаби мусиқӣ дохил шавад.

Дар баробари истеъдоди худодод ин сарояндаи наврас  бо дониши худ, бахсусус дар соҳаит адабиёт ва фолклор,   хислатҳои шӯхиомез, хандаҳои ҷолиб ва рӯҳияи болидаву меҳрубонӣ  беназир аст. Ҳамин тавр, дар тӯли якчанд моҳ ӯ аллакай тавонист ба оилаи худ аз ҷиҳати моддӣ кӯмак кунад.

Декабрь 16, 2019 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад